Субҳи имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳаёт бе зӯроварӣ зебост» ҳамоиш доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш коршиносон ва донишҷӯён ширкат варзида, доир ба хушунату зӯроварӣ дар оила ва баробарии гендерӣ, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» ва дигар барномаҳои соҳавии таҳияшуда, ки татбиқи онҳо ба беҳтар гардидани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат мекунад, суханронӣ намуданд.
Ба донишҷӯён оид ба интихоби ранги норинҷӣ, ки рамзи ин маърака буда, маънои равшанӣ ва умед ба ояндаро дорад, маълумот дода шуд. Дар идомаи ҳамоиш миёни донишҷӯён викторина доир шуда, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои масъулин қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори махсуси СММ ҳамасола аз 25 ноябр то 10 декабр дар тамоми кишварҳо маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» доир мешавад ва бахшида ба ин мавзӯъ ҳамоишу ҷамъомадҳо баргузор мегарданд.