Субҳи имрӯз бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва КВД "Биржаи меҳнатии ҷавонон"-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани донишҷудухтарон, ки дар хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, семинари омӯзишии дурӯза бо ҷалби мутахасисон дар хобгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дод Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат.
Қабл аз оғози семинари омӯзишӣ намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон оид ба дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша донишҷудухтарон, аз ҷумла духтароне, ки аз ноҳияҳои дурдаст дар шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, ёдовар шуданд.
Баргузории семинарҳои мазкур дар дигар хобгоҳҳои донишгоҳҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.