Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» 2 декабри соли равон маросими ҷамъбастии озмуни «Душанбе – ганҷе дар қалби Осиё» ба муносибати пойтахти фарҳангии ИДМ интихоб шудани шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Озмун дар толори бузурги Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шукӯҳи хоса таҷлил ёфт.
Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Гавҳар Шарофзода намояндагони ВАО, ҷавонону варзишгарон ва ғайра ширкат ва суханронӣ намуданд.
Барандаи ҷойи 1-и озмун Мансур Шоҳиён, муовини директори радиои Тоҷикистон бо матлаби пурмуҳтавои хеш пазируфта шуд. Ба гирифтани ҷойи 2 Ҷумъахон Темурзода, корманди маҷаллаи «Минбари халқ» ва мақоми 3 ба Хуршед Мавлонов, корманди АИДИП Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардида, бо мукофотҳои молию пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин, ба дигар иштирокчиёни фаъоли озмун сипоснома ва дигар туҳфаҳо тақдим гардида, чорабинӣ бо барномаи консертӣ анҷом ёфт.