Зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм баён гардид, ки сафорати ИМА омода аст, ҳамкориро дар самти таъсиси марказҳои нави омӯзиши забони англисӣ, даъвати омӯзгорон аз ИМА ҷиҳати дарсдиҳӣ дар марказҳои забономӯзӣ, мусоидат дар нашри китобҳои дарсӣ, ҷоннок намудани фаъолияти барномаҳои таълимии FLEX ва ACCELS вусъат бахшад, иттилоъ медиҳад сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсони Хушбахт.
Зикр гардид, ки алҳол ҳашт маркази амрикоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Хоруғ, Бохтар, Рашт ва Панҷакент фаъолият намуда, ба хоҳишмандон ҳамарӯза маҳфилҳои гуногуни забономӯзӣ, истифодаи технология, иштирок дар мизҳои мудаввар бо мутахассисони соҳавӣ, истифодаи интернети баландсуръат бо мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва амсоли инҳоро ба таври ройгон пешкаш менамоянд.