Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби соли 2021”- ро бо назардошти муҳтаво ва ороиш бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, ба мавзӯи Тоҷикистон дирӯз, имрӯзу фардо, Ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва ба ин васила арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ бахшида шуда бошанд.
Дар озмун муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки эҷодиёташон тайи соли 2021 дар муассисаҳои нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд, ҳуқуқи иштирок кардан доранд.
Маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир шартҳои асосии озмун маҳсуб меёбанд.
Барои ғолибони китобҳои назм, наср, публисистӣ, назму насри бачагона ва тарҷумаи адабӣ дипломҳо, мукофотҳои соҳавӣ ва моддии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дипломҳои дараҷаи аввал дар ҳаҷми 1500 сомонӣ, дипломҳои дараҷаи дуввум бо 1000 сомонӣ ва дипломҳои дараҷаи саввум бо 500 сомонӣ қадр карда мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар Озмун иштирок карданро доранд, бояд 2 нусха (як номгӯй) китоби тозаэҷоди дар соли 2021 дар яке аз нашриётҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор намудаашонро то 10 декабри соли 2021 ба суроғаи зерин ирсол намоянд:
734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 34. Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ситора