Имрўз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Моликияти зеҳнӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ» ва маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон - муҳаррики инноватсия» баргузор карда шуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён зикр намуд, ки рушди соҳаи илм таҳти таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин раванд ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020 - 2040 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.
Зикр карда шуд, ки бо мақсади амалисозии иқдоми мазкур ва васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт имсол якумин бор Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ташкил ва баргузор гардида, ғолибон ва омӯзгорони онҳо бо ҷоизаҳо ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар доираи ҳамоиш мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пайвасти илм ба истеҳсолот чорабинии «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» баргузор шуд, ки ихтироъкорон ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ натиҷаҳои зеҳнии худ, яъне ихтироъҳояшонро бо назардошти самараи иқтисодӣ пешкаш намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»