Санаи 25 ноябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» чорабинии байналмилалии «16 – рӯзи амал зидди хушунат нисбати занон» бо иштироки муовини сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, ҳамоҳангсози кишварии СММ дар Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва намояндагони ВАО доир гардид.
Ҳадафи ташаббуси «Нури рушноӣ» хотима додан ба ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбати занон ва духтарон, бархурдор гардидани онҳо аз ҳуқуқҳояшон буд.
Дар чорабинӣ намоиши наворҳои видеоӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ ба роҳ монда шуд, расмҳои наврасону ҷавонони кишвар ба намоиш гузошта шуд.