Имрӯз 16-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ таҳти шиори “Пешвои ман -ифтихори ман” баргузор гардид, ки дар он адибону зиёиён, бонувону ҷавонони пешоҳанги ҷомеа ва фаъолони ҳизбиву Ҳаракати ваҳдати миллӣ дар вилояти Хатлон иштирок намуданд. Ин чорабинї бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор гардида, масъулони чорабинӣ нахуст намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро пешкаши меҳмонону иштирокчиёни ҳамоиш гардонданд. Маросими расмии бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қиёмиддин Миралиён ифтитоҳ бахшида, оид ба таърихи пурфоҷиаи миллат то санаи 16-уми ноябри соли 1992 ва интихоби роҳбари давлат дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳияти омӯзишу баҳрамандии насли ҷавони мамлакат аз таърихи бунёдгузории давлати соҳибистиқлоламон ибрози андеша намуд. Мавсуф аз шаклҳои гуногуни давлатдории кишварҳои пешрафти олам ва аҳамияти умумимиллии бартарии шакли президентии давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, саҳми беназири Пешвои миллатро дар бунёдгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими сохторҳои гуногуни давлатдорӣ, таъмини сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ҳидояту роҳнамоии мардум ба хушбахтиву саодати зиндагӣ муҳим арзёбӣ намуд. Дар чорабинӣ ҳамчунин шоирони ваҳдатсаро, фаъолони ҳизби пешоҳанги ҷомеа ва собиқадорони Ҳаракати ваҳдати миллӣ дар вилояти Хатлон суханронӣ намуда, оид ба моҳияти таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби ғояҳои пешбарандаи ҷомеа ва тарбияи насли ояндаи Тоҷикистон дар руҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ибрози андеша намуданд. Зикр гардид, ки маҳз иродаи мустаҳкаму ҳисси баланди миллату ватандӯстӣ, азми қавӣ ва ҷасорату заҳматҳои фидокоронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон аз вартаи ҷанг рањида, мардумро аз ғурбату беватанӣ наҷот бахшида, ба кишвари ободу сарсабз табдил додаанд, ки дар масири рушду пешрафтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дорад. Дар чорабинӣ ҳамчунин собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Зебо Мансурова суханронӣ намуда, аз нақши бузурги Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар баробари фаъолиятҳои назаррас дар арсаи давлатдорӣ ва ояндаи кишвар ҷиҳати маърифатнокии ҷомеа ташаббусҳои ояндасозе нишон дода, имрӯз барои ҳар хонадони тоҷикистонӣ китоби арзишманди “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро дастрас намудаанд. Бинобар ин, дар баробари соҳиби ин китоб шудани ҳар хонадони кишвар хуб мешуд, ки асари Пешвои миллат “Тоҷикон дар оинаи таърих” низ барои ҳар шаҳрванди худогоҳу хештаншиноси Тоҷикистони соҳибистиқлол дастрас гардад,- ироа намуд Зебо Мансурова. Ҷамолиддин САЙФИДДИН, вилояти Хатлон