39 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии шаҳри Анталия иштирок намуданд. Дар олимпиада хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, химия ва биология ширкат варзида, 12 нафар ҷойи дуюм ва 17 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд, иттилоъ медиҳад, АМИТ «Ховар».
Ғолибону иштирокчиёни олимпиадаи байналмилалиро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва наздикону пайвандонашон бо самимияти хоса истиқбол намуданд.