Дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор, ки ҳамасола 19-уми ноябр таҷлил мегардад, таҳти унвони «Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон» Форуми соҳибкорзанон дар ин рӯз баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Гуфта мешавад, ки форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва дигар шарикони рушд гузаронда мешавад.
Ҳадафи асосии Форум рушди соҳибкорӣ миёни бонувон буда, он дар се бахш - заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди фаъолияти соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иқтидори бонувон дар соҳаи кишоварзӣ тавассути барномаҳои дастгирӣ, васеъ намудани имконият дар минтақаҳо, васеъ намудани имконият барои бонувон бо воситаҳои молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои электронӣ гузаронда мешавад.
Дар доираи Форум намоиши молу маҳсулоти бонувони соҳибкор ба маъраз гузошта мешавад.