Мактаббачагон баъди таҳсили тӯлонӣ таътили тирамоҳиро пазмон мегарданд ва инак, истироҳати деринтизорашон фаро расид. Чӣ бояд кард, то тафреҳи онҳо дар ин муддат мақсаднок ва ҷолиб гузарад? Табиист, ки тамоми оилаҳо шароити ба саёҳат бурдани фарзандонро ба дигар шаҳрҳои зебо надоранд. Вале волидон метавонанд, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи фарзандон навоварие ворид созанду хонаро ба макони беҳтарини таътилгузаронӣ табдил диҳанд. Чанд пешниҳод барои волидон ин ҷо гирд овардаем, ки дар он барои дилгирӣ ва бекорӣ ҷой нест.
Ҳикояи пурасрор
Медонед, ки фарзандон кадом ҳикоя ё афсонаро дӯст медоранд. Сенарияро пешаки ба онҳо мефаҳмонед. Дар хона аз рӯи сенарияи аслӣ бозиро оғоз кунед. Ҳам волидон ва фарзандон нақш меофаранд. Бо ин роҳ дар дили кӯдакон тарси ба саҳнаҳои бузург баромаданро дур мегардонед. Рафти намоишро метавонед дар телефонҳои дастӣ сабт намоед. Ва ин сабт яке аз хотираҳои беҳтарини оила хоҳад буд.
Мактаби пухтупаз ва тартибот дар хона
Бо кӯдакон таомномае барои таҳияи ягон навъи оддии ширинӣ тайёр намоед. Ба онҳо имкон диҳед, ки хамир шӯранд аз хамир ҳар гуна суробҳо созанд, ё шириниро оро диҳанд. Вақте ки кӯдак маҳсули заҳмати худро мебинад, аз он бениҳоят хурсанд мегардад.
Барои ба тартиб даровардани хона мо кӯдаконро низ сафарбар менамоем. Кӣ ҷевони худро зудтару зеботар ба тартиб меораду либосҳои барои ин фасл нолозимро ҷудо месозад. Агар кӯдак дар ҷудо кардани либосҳои мавсимӣ хато кард, волидон ба онҳо меомӯзонанд. Дигар корҳои сабуки хонаро низ метавон ба ин тариқ бо кӯдакон анҷом дод. Онҳо ба ин роҳ бо меҳнату заҳмат обутоб меёбанд. +
Волидон метавонанд аз рӯи шабакаҳое, ки барномаҳои таълимии мактабҳоро намоиш медиҳанд, кор гиранд. Аз рӯи таҷрибаҳои кимёвӣ ва физикӣ метавон бо онҳо таҷрибаҳои шавқовар гузаронд ва он шомро шоми сеҳрофарӣ номид.
Аксбардорӣ
Барои аксбардорӣ кӯдаконро метавон ба боғҳое бурд, ки дар он ҷо дарахтони зиёд бошанд. Аввал онҳоро дар рӯи баргҳои рехтаи дарахтон ба чанд тарз расм гирифтан зарур аст. Пасон, дастгоҳи аксбардорӣ ё телефони дастиро метавонед ба онҳо диҳед, то акси шуморо гиранд. Бояд таъкид кунед, ки идеяҳояшонро ба шумо гуянд ва шуморо барои расмгирӣ омода намоянд. Иқрор шавед, ки ба аксбардори беҳтарин туҳфаҳо ҳадя мегардад. Бо ин роҳ мо меҳри зебоипарастӣ ва боварӣ доштан ба худро меомӯзонем.
Театр
Агар вақт дошта бошед, бо фарзандон ба театр равед ва намоишномаҳои ба кӯдакон мувофиқро тамошо намоед. Агар не, боке нест. Дар хона «Шаби синамо» ташкил кардан мумкин аст. Аз қоғазҳо чиптаҳои кинотеатрро бо фарзандон омода намоед. Як нафар чиптаҳоро ба муштариён тақсим мекунад. Хонаро ба кинотеатр табдил диҳед. Чароғҳоро хомӯш карда, филми ҷолибу наверо, ки ба синну соли кӯдакон мувофиқ аст, гузоред. Волидон барои табиӣ доир намудани филм ба тамошогарон ҷуворипақак (попкорн) ва нӯшобаҳо бояд ҳадя кунанд. Ва шоҳид хоҳед шуд, ки фарзандон аз чунин кинотеатри хонагӣ чӣ қадар хушҳол мегарданд.
Агар имкон даст диҳад, фарзандро дар ягон маҳфилҳои тирамоҳӣ номнавис куне два барои тамошо ба осорхонаҳо баред. Ба онҳо гуед, ки таассуроташонро дар дафтари хотираашон нависанд: Дар оянда кӣ шудан мехоҳанд. Китоби дӯстдоштаашон чист, шеъри дӯстошта, филми тасвирии дӯстдошта, қаҳрамони дӯстоштаашон ва ғайра. Вақте ӯ солортар мегардад, ин дафтари хотираҳо барояш хеле арзишманду ҷолиб хоҳад буд.
Таҳияи Фарзона