Бо мақсади иштирок дар Олимпиадаи байналмилалии дониш — «International olympiad Antaliya 2021» 20 нафар хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Анталияи Туркия қарор доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Олимпиада аз рӯи фанҳои математика, физика, география ва забони англисӣ доир шуда, аз 1 то 7 ноябр идома меёбад. Хонандагони литсей моҳи сентябр ба даври финалии озмун роҳхат гирифтаанд.
Дар олимпиадаи «International olympiad Antaliya 2021» беш аз 2000 иштирокчӣ аз 27 давлат иштирок менамоянд.
Соли гузашта низ 20 нафар хонандагони литсейи мазкур дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, соҳиби 14 медал, аз ҷумла 4 медали тилло, 3 нуқра ва 7 биринҷӣ гаштанд.
Олимпиадаи байналмилалии дониш 13 сол инҷониб ҳамасола аз тарафи Академияи туризми Анталия ва мактаби байналмиллалии ЭДУАНТ баргузор мегардад.
Дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гурӯҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Дар соли хониши 2020-2021 хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз 15 олимпиадаи ҷаҳонӣ 156 медал ба даст оварда, дар миқёси ҷумҳурӣ аз зумраи беҳтаринҳо ҳисобида шуданд.