Аз 4 то 19 декабри соли 2021 дар шаҳри Истанбули Туркия Чемпионати 12-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон баргузор мешавад. Бино бар иттилоои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон макони баргузории чемпионат маҷмааи варзишии «Басаксеҳир» интихоб шудааст, ки маҷмаа ҳавзи шиноварӣ низ дорад.
Муҳорибаҳо 7 декабр оғоз мегарданд, қисмати финалиро метавон 18 декабр тамошо кард. Мисли чемпионати ҷаҳон миёни мардҳо барои бонувон низ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст: барои ҷои аввал — 100 000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 50 000 ва ҷои сеюм — 25 000 доллари ИМА.
Хотиррасон мекунем, ки аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон соли 2001 – бист сол пеш дар Скрэнтони ИМА доир гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия, Подолск, Деҳлӣ (ду маротиба), Нинбо, Бриҷтоун, Синхуандао, Ҷеҷу, Остона ва Улан-Удэ мизбони ин мусобиқа буданд.
Бонувони варзишгар дар шаҳри Истанбули Туркия аз рӯи 12 категорияи вазнӣ сабқат мекунанд: 48кг; 50кг; 52кг; 54кг; 57кг; 60кг; 63кг; 66кг; 70кг; 75кг; 81кг; +81кг.