Санаи 3-юми ноябр аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Академияи ВАО»-и Тоҷикистон семинари машваратӣ оид ба муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» баргузор шуд. Дар семинари мазкур забоншиносони шинохтаи тоҷик ва намояндагони ВАО-и кишвар ширкат варзиданд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот кишвар О. Муҳаммадҷонзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (аз 04.10.2011, №458) як идда камбудию норасоиҳо ҷой дошт, ки он мушкилиҳои зиёдеро пеш меовард ва мақсади асосии таҳияи Коидаҳои имлои нав бартараф кардани ҳамин камбудиву норасоиҳо буд. Бо мақсади мукаммал шудани ин санади миллӣ ба он «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ҳамроҳ карда шуд.
Барои таҳияи он гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби забоншиносону мутахассисони соҳа (беш аз 25 нафар) таъсис ёфт, ки Қоидаҳои мазкурро дар кафедраҳои забони донишгоҳу донишкадаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмии кишвар, бо назардошти пешниҳодоти онҳо ва мувофиқа бо мақомоти дахлдор ва хулосаҳои онҳо лоиҳаро такмил дод.
Баъди баррасии ниҳоӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 «Қоидаҳои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» тасдиқ гардид.
Намояндагони ВАО, омӯзгорон ва дигар шаҳрвандон метавонанд Қоидаҳои мазкурро аз сомонаҳои Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати адлияи кишвар ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар шакли PDF дастрас намоянд.