Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони деҳот, ки ҳамасола 1 ноябр таҷлил мегардад, дар Душанбе мизи мудаввар баргузор шуд. Даҳҳо мутахассисон, намояндаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту мададрасонҳо ва бонувони деҳот мушкилоти худро баён карда, роҳҳои ҳалли онро муҳокима карданд.
Чорабинӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва дастгирии Лоиҳаи рушди фарогири деҳот IRDP / GIZ Дастгирии рушди иқтисоди деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER) баргузор гардид.
Лоиҳа аз ҷониби Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодии Олмон роҳандозӣ шуда, онро Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мекунад.
Ҳадаф аз роњандозї намудани лоиҳаи IRDP/TRIGGER афзоиши арзиши иловагии маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Лоиҳаи рушди фарогири деҳот аз панҷ ҷузъ аз зумраи беҳтар кардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва гуфтугўи сиёсӣ, баланд бардоштани самарабахшии занҷираҳои кишоварзии ташаккулдиҳии арзиш, мусоидат ба дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ, дастгирӣ намудани бизнес-стартапҳо ва пешбарии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани муҳити мусоид дар Идоракунии комплексии захираҳои об мебошад.