Аз 30 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи пилотии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекор ва бе касб ба роҳ монда шуда, бақайдгирии шаҳрвандон аз ноҳияҳои мамлакат шурӯъ гардид. Ин нукта 29 октябр зимни баргузории ҷаласаи панҷуми ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадафи асосии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекору бе касб ном ба ном муайян ва мушаххас намудани ин гуна ҷавонон ва дар ин замина ба касбомӯзӣ фаро гирифтан ва бо ҷойи кори мувофиқ таъмин намудани насли ҷавони мамлакат мебошад.
Барномаи мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони мамлакат аз 21 майи соли 2021 ва нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Зимни баргузории ҷаласа ба ҳозирин барномаи электронӣ бо рӯнамо пешниҳод шуда, тарзу усули бароҳмонии давраи пилотии барномаи электронӣ баррасӣ гардид.