Санаи 27 - 31 октябр дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2-дуюмин мусобиқаи кушоди вилояти Намангон оид ба таеквондо (WT) доир гардид, ки намояндагони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Мусобиқа миёни кӯдакони соли таваллудашон 2013 - 2014, 2008 -2010, наврасони соли таваллудашон 2005 - 2007 ва калонсолон (дар маҷмӯъ 2300 варзишгар) сурат гирифт.
Аз 61 таеквондочии тоҷик, ки 46 писар ва 15 духтарро ташкил доданд, ҳамагӣ 26 медалро ба даст оварданд.
Варзишгардухтарони тоҷик - Муниса Ойматова дар вазни -49кг ва Рӯзигул Саидова дар вазни +73 кг дар сабқати байни калонсолон медалҳои тиллоро ба даст оварданд.
Мунира Абдусаломова дар вазни +73кг сазовори медали нуқра ва Руқия Алиаҳмадова дар вазни 53кг медали биринҷиро соҳиб гаштанд.
Дар сабқати миёни наврасону кӯдакон духтаракони таеквондочии тоҷик Руҳангез Аҳмадова бо медали нуқра, Осиямоҳ Солиҳова, Меҳрнигор Шарипова, Нурина Алиназарова, София Негматова ва Ясмина Тоирова бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.