Санаи 28 - 29-уми октябри соли 2021 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ зери унвони “Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил манбаи стратегии рушди устувор” ва нахустин Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад, ки дар он омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Анҷуман аз рӯйи 5 номинатсия: муайян кардани роҳҳои муассири таъмини таълими дастрас ва босифат дар ҳама сатҳҳо ва рақамикунонӣ дар соҳаи маориф; вазъ ва дурнамои рушди илми педагогика дар кишварҳои ИДМ; муносибатҳои инноватсионӣ дар татбиқи стандартҳои касбии омӯзгор ва ташкили корҳои таълимӣ дар ташкилотҳои таълимии кишварҳои ИДМ; фаъолсозӣ ва рушди шарикӣ байни ташкилотҳои таълимии кишварҳои узви ИДМ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона дар фазои ИДМ; ҳамкорӣ дар вусъат, паҳн ва ҳифзи забони русӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳамгироии кишварҳои узви ИДМ идома ёфта, иштирокдорон вобаста ба номинатсияҳо иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.