Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо мақсади васеътар инъикос намудани рӯзгори бонувони тоҷик ва мавқеи онҳо дар ҷомеа ва бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни доираи васеи хонандагони хеш озмуни ҳадафмандеро бо унвонии «Фарзанди Тоҷикистонам» роҳандозӣ намуда буд, ки дар он муаллифони зиёде бо чакидаҳои хомаи худ фаъолона ширкат варзиданд.
Аз оғози соли 2021 чакидаҳои муаллифон, амсоли шеър, тарона ва мақолаҳои публитсистии беҳтарин дар ҳар шумораи маҷалла нашр гаштанд, ки дар маҷмуъ, беш аз 300 ададро ташкил медиҳанд. Баҳри таъмини шаффофият дар баҳои арзанда додан ба матлабҳо аз ҳисоби қаламкашони варзида ҳайати ҳакамон интихоб гардид. Баъди баррасии ҳадафмандона доварон ба эҷодиёти иштирокдорон баҳои воқеӣ доданд.
Маросими ҷамъбасти озмун 14-уми октябри соли 2021 дар толори бузурги Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид. Шоир, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик Латофат Кенҷаева дар номинаи назм ва дар номинаи наср адиби шинохта Гулчеҳра Маҳмадиева сазовори ҷойи аввал гаштанд. Ғолибони ҷойи дуюми озмун дар номинаи наср – Диловари Мирзо бо матлаби «Дар дарун механдиду берун мегирист», Лутфуллои Азиз бо маводи «Зане дар салтанати ормонҳо» гардиданд. Дар номинаи назм – Бузургмеҳри Баҳодур («Соати модари ман хуршед аст»), Абдуқодири Раҳим («Ватандорӣ») ва Сафар Амирхон («Истиқлол») мавқеи дуюмро ба даст оварданд.
Ҷойи сеюм дар номинаи наср ба нависандаи шинохта Ато Ҳамдам («Фариштаниҳод»), Мухтор Абдулло («Зани доно давлати мард»), Одил Нозир («Модари театри Конибодом») ва Раҳматуллои Раҳмон («Буд ё набуд») насиб гардид. Дар номинаи назм – Субҳон Ҷалил бо «Модарнома» ва Дилафрӯз Олимова бо «Эй дарахтони ман» зинаи сеюмро ишғол карданд.
Бо баргузории барномаи ҷолиби консертӣ озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои молию пулӣ қадр шуданд. Сарпарасти кулли озмун Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, дар фароҳам овардани фазои созгори чорабинии ҷамъбасти озмун саҳми беандоза гузошт.
Ҳамчунин, ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ба ҳамаи иштирокчиёни озмун сипосномаҳо тақдим гардиданд.
«Бонувони Тоҷикистон»