Бо иқдоми роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар майдони саҳни фурудгоҳ муҷассамаи “Дуои модар” дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонию сабзазоркунӣ ва ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии зан - модар ва қадршиносии модари тоҷик бунёд карда шуда, дар кишвар аввалин муҷассамаи азим дар намуди даст ба дуо бардоштаи модар мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи он ширкат варзида, ба иқдоми шахсони ватандӯст баҳри ободии як гӯшаи диёр изҳори сипос намуданд ва онро амали созандаи шоистаи таҳсин номиданд.
Муҷассамаи “Дуои модар” бо пояаш 13 метрро ташкил дода, баландии худи муҷассама 6,7 ва пояи он 5,5 метрро ташкил медиҳад.
Саҳни муҷассамаи “Дуои модар” бо фаввораҳои чароғон ва гулгашти зебо ба макони дилкашу назаррабо табдил дода шудааст. Ин мавзеи ҷолиб барои тамошои меҳмонону сайёҳон дар фурудгоҳ маҳсуб шуда, дуои модар фатҳу кушоиш барои ҳар фард дар зиндагӣ ва кору рӯзгор аст.