Сенаи 13 октябри соли равон дар Музеи Гимей — Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж намоиши нигораҳои таърихии кишвари мо таҳти унвони «Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ» оғоз мегардад ва то 10 январи соли 2022 идома меёбад. Дар намоишгоҳи мазкур 211 адад нигораҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд. Тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешаванд.
Ҳамчунин дар ин рӯз бо забонҳои гуногун намоиши филмҳои тоҷикӣ ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон манзур мегарданд.
Бино ба иттилоои АМИТ «Ховар» аллакай аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон 70 нигораи нодир барои намоиш ба шаҳри Париж бурда шудаанд.