Санаи 5-уми октябри соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст сокинони ватандӯсту ватанпарвари шаҳри бостонии Кӯлобро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуданд ва таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва беҳтар сохтани шароити зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 62 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ироа намуданд, ки мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои бузурги созандагиро ба роҳ монда, дар се соли охир беш аз 7600 иншооту биноҳои таъиноти гуногунро сохта, ба истифода додаанд, ки дар онҳо 32 ҳазор нафар сокинони вилоят бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як роҳбар, шахси масъул, мутахассис ва ҳар як сокини вилоят вобаста мебошад.