5 октябр дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави баландошёнаи истиқоматиро бо марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ мавриди истифода қарор дода, бо ятимон мулоқот карданд.
Нахуст баъди ифтитоҳи бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои накуи инсондӯстӣ ба се нафар, аз ҷумла як сарбози дар марзи Тоҷикистон ҷароҳатбардошта, як нафар корманди содиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва ба шахси камбизоат калиди манзилҳои истиқоматиро тақдим намуданд.
Дар ошёнаи якуми бинои нави истиқоматӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку бо ятимон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Ин навбат 43 нафар кўдакону наврасони шаҳри Кӯлоб, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар маҳрум шудаву зери ғамхории ҳамешагии Пешвои халқпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, аз ҳадяҳои арзишманд баҳравар шуданд.
Манбаъ: сомонаи «prezident.tj»