Дар маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сифати маҳсулоти корхонаи нассоҷӣ ва имкониятҳои кории он шинос шуданд.
Корхонаи нав дар як сол то 34 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол намуда, ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад. Айни замон ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” ҳамчун маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ба Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба фурӯш бароварда мешавад.
Бино ба иттилооти Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон корхонаи мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ Илҳом Мирзоев ва Акбар Асадулло бунёд гардидааст.
Дар корхонаи навтаъсис 430 сокини маҳаллӣ, ки асосан бонувон мебошанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз аз ҷониби муассисони корхонаи мазкур дар ду марҳила дар шаҳри Душанбе Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат текстайл” бо иқтидори истеҳсолии 34 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол бунёду ба истифода дода шуд ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаи навбатии нассоҷӣ дар шаҳри Кӯлоб ба афзоиши истеҳсолот мусоидат намуд.