5 октябри соли ҷорӣ дар маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 оғози расмӣ бахшиданд.
Муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаву дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад ва дар дохили он ҳамчунин ошхона бо имкониятҳои муосир ва толори варзишӣ ҷой дода шудааст.
Таълимгоҳ дар ду баст барои 600 хонанда пешбинӣ гардида, бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфтааст ва он аз синфхонаҳои барҳавову замонавӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, барои таълиму тарбияи толибилмон лабораторияҳои фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика ва китобхона ташкил гардидааст. Ба хотири омӯзиши касбу ҳунар дар муассисаи мазкур синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил ёфта, бо тамоми аёниятҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Далер” бунёд гардидааст.
Иншоот дар масоҳати як гектар замин бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, дорои як майдончаи муосири замонавӣ мебошад.
Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон