Имрӯз, санаи 5 октябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафари корӣ дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оилаи Исмоилзодаҳо бунёд гардида, дорои тарҳи замонавӣ дар 4 ошёна мебошад. Дар таҳхонаи бино ҳаммоми замонавӣ барои мардон ва занон дар алоҳидагӣ бо тамоми шароит бунёд гардидааст. Ба хотири сарфакории неруи барқ, дастандаркорон гармидиҳиро тариқи ангишт ба роҳ монда, ҷиҳати ҳифзи ҳавои атмосфера тадбирандешӣ кардаанд. Дар ошёнаи якум нуқтаи фурӯши маводи рӯзгор ва асбобҳои маишӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи дуюм дастгоҳҳои зарурии либосшӯӣ фурӯхта мешавад, ки сифати баланд дошта, эҳтиёҷоти сокинонро бароварда месозад. Дар ошёнаи сеюми бино коргоҳи дӯзандагӣ бо 30 дастгоҳи замонавии дӯзандагӣ ва поракунию дигар таҷҳизоти зарурӣ таъсис дода шудааст. Дар ошёнаи чоруми бино меҳмонхона бо шаш ҳ