Имрӯз 5 октябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-юми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Сарвари хирадпеша ва ояндасоз - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шумораи зиёди сокинони шарафманди ин шаҳри бостонӣ бо шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.
Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон