Субҳи имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар”-ро ифтитоҳ намуданд. Ин иншооти фарҳангӣ дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули меъмории замонавӣ аз ҷониби хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” босифат бунёд гардидааст.
Дар ҳудуди мавзеъ дарахтони ороишии маҳаллӣ ва аз хориҷ воридшуда ва дигар навъу намуди дарахтони сояафкан шинонида шуда, замини он майсазор карда шудааст. Қаблан ин макон партовҷо шуда, роҳи таъмирталаб дошт ва оби нӯшокӣ ҳам дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дошт. Дар оғоз аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” барои сокинони деҳаи Қайнар оби тозаи нӯшокӣ бароварда шуд. Сипас, аз соли 2017 корҳои созандагӣ оғоз гардид ва иқдоми ватандӯстонаи коргарони хоҷагии “Файзи Саид” аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дастгирӣ пайдо намуд.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Ҳамзамон ба таври таҷрибавӣ парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз рӯи маълумоти таърихӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ таҳқиқу пажуҳиш дар ин мавзеъ аз соли 1960 оғоз гардида буд ва нишонаҳои таърихии он тавассути тасвирҳо пешниҳод шудааст. Нигораҳои аз чуқурии 1,5 то 6 метр ёфтшуда ба давраи Сомониён, Кӯшониён ва юнону бохтариён тааллуқ доштани ин мавзеъро собит мекунад.
Мавзеъи таърихии “Ҳавзи Қайнар” аз маркази ноҳия дар масофаи 13 километр ва аз маркази деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар масофаи 4 километр дур воқеъ мебошад.
Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон