Санаи 3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг Амфитеатрро, ки барои ду ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҳимзода Фарҳод дар масоҳати 2440 метри мураббаъ бунёд карда шудааст.
Амфитеатр бо тарҳ ва намои зебову муосир қомат афрохта, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ дар деҳоти Лоҳутӣ, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 10 километр ҷойгир аст, имкони мусоидро фароҳам меорад.
Бино ба иттилоои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иншоот дорои ҳуҷраҳои зарурӣ барои ҳунармандон, майдони марказӣ, саҳнаи намоиш, ҷойи нишасти тамошобинон ва макони болопӯшида мебошад.
Дар рафти корҳои сохтмонии Амфитеатр, ки моҳи апрели соли 2021 оғоз гардида буд, 12 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гашта, пас аз ифтитоҳ барои 3 нафари дигар низ ҷойи кори доимӣ фароҳам шуд.