Дар Кинофестивали байналмилалии “Дурдонаҳои Роҳи абрешим”, ки имрӯзҳо дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва яке аз ходимони маъруфи театру синамои тоҷик Сайрам Исоева бо ҷоизаи махсус сазовор дониста шуд.
Тандис (ҳайкалча) ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар ба ҳунарманд барои саҳми арзанда дар рушди ҳунари кинои ҷаҳонӣ супурда шуд.
Ҷоизаро ба Сайрам Исоева узви ҳайати ҳакамон Тимур Бекмамбетов ва мудири кулли Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов супурданд.
Сайрам Исоева 24 ноябри соли 1942 дар Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Институти театр ва санъати Тошканд ба номи И. А.Островский мебошад. Фаъолияти эҷодии ӯ дар шаҳри Хуҷанд дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз шуда, тайи ҳафт сол дар ин театр ба ҳайси саркоргардон фаъолият намуд.
Њамчунин, дар доираи кинофестивал Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, ки дар он беш аз 10 филми Тоҷикистон барои тамошобинони ӯзбек пешкаш мегардад.
Манбаъ: сомонаи «ASIA – Plus»