Рӯзҳои 2 – 4-уми октябр бо сабаби воридшавии анбуҳи ҳавои сард дар ҷумҳурӣ ноустуворшавии вазъи ҳаво дар назар буда, ҳарорати ҳаво то 6 - 90 паст мешавад, - ҳушдор медиҳад Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои агентӣ шабонарӯзи наздик дар минтақаҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ монда, рӯзҳои 1-2 октябр бо сабаби шиддтёбии вазиши шамол бо суръати то 15 - 20м/с дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ чангу ғубор шиддат меёбад. Санаи 3 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ боридани боронҳои шиддатнок пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои 3-4 октябр бо сабаби пастшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ҷумҳурӣ вақтҳои шабона боришоти борон ба барф мегузарад.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ҷойҳои камшамол, минтақаҳое, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Инчунин ҳангоми корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар намудан эҳтиёткор бошанд. Вазъияти баамаломада ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва беморони диққинафас ва қалб таъсири манфӣ мерасонад.