Соли 2018 дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ Хадамоти гумрук як қатор молу маҳсулоти пастсифат ва ба таври қочоқ воридшавандаро ошкору мусодира намуданд. Аз ҷумла, аз миқдори 346 кг маснуоти заргарӣ, ки вориди кишвар шуд, 7 ҳолати воридоти ғайриқонунии он ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Хуршед Каримзода, сардори хадамоти гумрук зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи номбурда, аз ин 7 ҳолат 6 кг 769 грамм маснуоти заргарӣ мусодира гардид.
- Дар таносуб ба солҳои қаблӣ қочоқи маснуоти мазкур кам шудааст. Ва он миқдоре ҳам, ки ворид мегардад, дар бештари ҳолатҳо тариқи боғоҷи шаҳрвандон сурат мегирад, ки дар ин ҳолат ошкор кардани он каме мушкилӣ пеш меорад. Корҳои санҷишӣ дар ин самт идома доранд,-иброз дошт Х.Каримзода.
Солҳои қаблӣ барои воридоти маснуоти заргарӣ меъёри муайяни андоз ҷорӣ шуда буд, ки маблағи он барои як грамм маснуоти заргариву тилло 2 доллари америкоиро ташкил медод. Дар баробари ин, 18 фоиз андоз аз арзиши иловашуда, меъёри боҷи гумрукӣ ва андози аксизӣ ситонида мешуд. Айни ҳол, як намуди андоз тайин шудааст, ки ин барои пешгирии қочоқи маводи заргарӣ мусоидат менамояд.