Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор аст ва хоҳони таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон мебошад. Ҷорӣ кардани ҳама гуна низоми сиёсӣ дар Кобул бе назардошти афкори мардум метавонад боиси оқибатҳои пешгӯинашаванда гардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус СММ ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх даъват ба амал оварданд, ки ба Афғонистон ва аҳолии вилояти Панҷшер, ки давоми ду моҳ дар муҳосираи пурра қарор доранд, кумаки фаврӣ расонанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ироа намуданд, ки терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ ҳамчун таҳдидҳои асосии амният дар фазои СҲШ боқӣ мемонанд.