Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Владимир Норов ба бунёди боғи нави фарҳангиву фароғатӣ бо номи “Боғи Созмони Ҳамкории Шанхай” дар шаҳри Душанбе ҳусни оғоз бахшиданд.
Боғи мазкур дар атрофи маҷмаи давлатии “Кохи Борбад” бунёд гардида, дар қаламрави он маркази дуошёнаи намоишгоҳ қомат меафрозад. Дар дохили ин иморат хар як кишвари узви СҲШ толорҳои намоишгоҳи ҷудогонаи худро хоҳанд дошт. Худуди боғ сабзкорӣ шуда, фаввораву гулгаштҳо, макони сайругашт барои шаҳрвандон ва дигар иншооти фароғатӣ сохта хоҳад шуд.