Дабири кулли СААД Станислав Зас пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъи ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки раҳбарони кишварҳои узви СААД барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо мушкилот ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон ба вуҷуд меоянд, саъю кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ диҳанд. Ин созмон чораҳои амалии дастҷамъӣ таҳия кардааст, ки барои таъмини амнияти Тоҷикистон дар сурати шиддат ёфтани вазъи сарҳад пешбинӣ шудаанд. Бо ҳамин мақсад тули як моҳ дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон силсиламашқҳои густурдаи Нерӯҳои дастҷамъии СААД- «Ҷустуҷӯ-2021», «Эшелон-2021», «Ҳамкорӣ-2021» ва «Кобалт -2021″ баргузор мешаванд, ки ҳамаи онҳо тибқи нақшаи ягона мегузаранд.