Имрӯз 16 сентябр дар Қасри миллат Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба кори худ оғоз кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласа, сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро самимона истиқбол гирифтанд.
Дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок карданд.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар кори ҷаласа ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Баъди анҷоми маросими аксбардорӣ кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, сипас бо иштироки аъзои ҳайатҳо дар шакли васеъ идома ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён, сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалию минтақавӣ, натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ тайи давраи раёсати Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мавзӯъҳои марбут ба вазъияти ниҳоят мураккаби Афғонистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар кори ҷаласа “Дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷумҳурии Арманистон дар давраи раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ” Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва “Дар бораи ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ омода шудаанд” Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас баромад карданд.
Баъди баррасии масъалаҳо аз руи натиҷаи кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дар маҷмуъ 14 санад ба имзо расид.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ орост.