Субҳи имрӯз 16 сентябр дар китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуоти Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таъсис дода шудааст, ки намояндагони ВАО - и ватанӣ ва хоричӣ барои боз ҳам беҳтар инъикос кардани иҷлосияи Шурои амнияти дастачамъии СААД бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла интернети баландсуръат таъмин мебошанд.
Бо мақсади инъикос намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ беш аз 500 нафар намояндагони ВАО - и ватаниву хориҷӣ метавонанд аз тариқи мониторҳои бузург, ки рафти ҷаласаҷоро ба таври кушод намоиш медиҷанд, иттилои заруриро дарёфт намуда, онро расонаи намоянд.