Имрӯз, 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.
Дар кори иҷлосияи муштарак намояндагони баландпояи кишварҳои узви СААД иштирок доштанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи муштарак кишварҳои узв оид ба вазъи низомӣ - сиёсии минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва Қафқоз амнияти дастҷамъии СААД ва фаъолияти Созмон дар давраи байнииҷлосиявӣ мубодилаи афкор намуданд. Маълумоти Котиби генералӣ Станислав Зас дар бораи омодасозии лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими қитъаҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва Вазири корҳои хориҷии Арманистон Арарат Мирзоян оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолият дар давраи раёсати Созмони Ҷумҳурии Арманистон шунида шуд.
Роҳбарони ҳайатҳо дар маҷмўъ лоиҳаи Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД –ро ба мувофиқа расонда, чанд изҳорот, аз ҷумла Изҳороти муштараки кишварҳои узви СААД «Дар бораи вазъи Афғонистон», Изҳороти вазирони корҳои хориҷиро дар бораи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо кибертерроризм, Изҳороти вазирони корҳои хориҷӣ оид ба талошҳои дастҷамъона барои ҳалли вазъиятҳои буҳронӣ дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ва Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ «Оид ба тасдиқи уҳдадорӣ ба принсипҳои Оинномаи СММ ва таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини риояи қатъии онҳо»-ро ҳамоҳанг