Санаи 16 сентябр сафари расмии мақомоти баландпояи се давлат ба Тоҷикистон дар назар аст. Ба сафари расмӣ президентҳои Россия Владимир Путин ва Эрон Иброҳим Раисӣ, инчунин сарвазири Покистон Имрон Хон ташриф меоранд.
Ҳамзамон баргузории 20 -умин саммити ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ ва мулоқоти сарони кишварҳои СААД дар назар аст.
Мувофиқи маълумотҳо ҳини сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон зиёда аз бист санади нав ба имзо хоҳанд расид. Бино ба иттилои манбаъ, президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар маросими санги асос гузоштан ба таҳкурсии панҷ мактаби таълимӣ бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода дар шакли видеоконференсия ширкат хоҳанд кард.
Барои президенти тозаинтихоби Эрон Иброҳим Раисӣ сафари расмӣ ба Тоҷикистон аввалин сафари хориҷӣ дар ин вазифа хоҳад буд. Вай ҳамчунин дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат хоҳад кард, ки дар он масъалаи шомилшавии Эрон ба СҲШ баррасӣ мешавад. Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳанд. Ҳоло Эрон ба мисли Беларус, Афғонистон, Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро дорад.