Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ 4 сентябр оғоз ва 11 сентябр анҷом ёфт, ки дар он варзишгарони тоҷик сазовори 14 медал – 7 нуқра, 7 биринҷӣ гардиданд.
Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 51 варзишгар аз рӯи 11 намуди варзиш – бадминтон, бокс, бокси тайландӣ, гимнастикаи бадеӣ, гӯштини варзишӣ, гӯштини камарбандӣ, каратэ, курэш, самбо, тенниси рӯи миз ва ҷудо намояндагӣ карданд.
Дар ҳайати Тоҷикистон медалҳои нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс (-75 кг), Муҳаммад Икромов (-61 кг), Мустафо Ахмедов (-70 кг) дар гӯштини тарзи озод, Фирӯз Мирзораҷабов (- 60кг) дар гӯштини юнонӣ-римӣ, Бибинишастамоҳ Холова (-60 кг) дар бокси тайландӣ, Хуршедшоҳ Каримзода (-60 кг), Ҳоҷиакбар Тошмуродов (-70 кг) дар намуди курэш сазовор гардиданд.
Азизҷон Асламов (-55кг) дар гӯштини юнонӣ-римӣ, Аминҷон Мавлонов / Ҷамшед Ҳасанов (ҷуфт) дар тенниси рӯи миз, Ҷаҳонафрӯз Сулаймонов (-71кг) дар самбо, Амонҷон Даминов (-71кг) дар бокси тайландӣ, Фирӯзҷон Зиёев (-68кг), Дилшод Қурбонов (-82кг) дар гӯштини камарбандӣ, Қурбоналӣ Охунов (-75кг) дар намуди курэш медали биринҷиро ба даст оварданд.