Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондо WT «Shymkent Cub» варзишгарони тоҷик шаш медалро ба даст оварданд, хабар медиҳад Кумитаи милии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондо WT ба хотираи Рашид Жуманов дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон аз 5 то 10 сентябр аз рӯи чор синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд. Дар он 795 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат карданд.
Аз Тоҷикистон 24 варзишгар, 3 довар ва 3 мураббӣ ба ин мусобиқа сафарбар гардида, 6 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ - ба даст оварданд.
Медали тиллоро Рӯҳангез Аҳмадова дар вазни 29 кг миёни наврасон сазовор гардид. Абдураҳим Иброҳимов дар вазни 20 кг миёни кӯдакон соҳиби медали нуқра шуд. Медалҳои биринҷиро Муҳаммадҷон Суннатов (68 кг) миёни калонсолон, Нозия Туймуродзода (51 кг) миёни наврасон, Азимҷон Абдуллоев (32 кг) ва Идрис Ҳасанов (20 кг) миёни кӯдакон ба даст оварданд.