10 сентябри соли равон тавассути механизми “COVAX” ҳукумати Олмон ба Тоҷикистон 100 800 воя ваксинаи зидди COVID-19 тақдим намуд, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин вояҳо дар доираи маъракаи миллии иммунизатсияи аҳолӣ барои пешгирии гузариши коронавирус дар кишвар истифода хоҳанд шуд. Дар доираи хайрияи мазкур муовини сафири Олмон ҷаноби Ролф Траут ба Маркази иммунизатсияи назди вазорат ташриф овард ва бо муовини вазири тандурустӣ Ғафур Муҳсинзода, сардори намояндагии ЮНИСЕФ Осама Маккави ва кормандони маркази иммунизатсия вохурӣ доир намуд.
Инчунин, ҳукумати Олмон ба Тоҷикистон таҷҳизот ва лавозимоти ҳаётан муҳим, аз қабили воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, қуттиҳо барои моддаҳои хатарнок ва маводҳо барои поккорӣ ба маблағи умумии 1 миллион евро тақдим намуд, ки ба таҳкими иқтидори кормандони тиббӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо таъсири манфии COVID-19 дар мамлакат равона шуданд.