Ба муносибати истиқбол аз ҷашни пуршукӯҳи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон роҳпаймоии меҳнаткашон баргузор гардид. Дар рохпаймоии мазкур намояндагии тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ширкат варзиданда, намунаи дастовардҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст овардаро ба намоиш гузоштанд.
Бояд гуфт, ки шаҳри бостонии Кӯлоб дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ тағйироти куллӣ ба амал омада, шаҳри фарҳангиро боз ҳам пешрафтаву ободтар гардондааст.
Ҷомӣ Зарифзода
шаҳри Кӯлоб