Кишоварзони ноҳияи Лахш то имрӯз дар беш аз 50 гектар замин картошка ҷамъоварӣ намуда, аз ҳар гектар кишти картошкаи маҳаллӣ ба ҳисоби миёна аз 350 то 420 сентнер ҳосил рӯёнда истодаанд.
Тавре сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Лахш Нусратулло Латипов иттило дод, имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 3168 гектар картошка кишт намуданд, ки нисбати нашқаи дурнамо 18 гектар зиёд мебошад. Ҳоло деҳқонон ҷаҳду талош доранд, ки ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Дар ноҳияи Лахш аввалин шуда, деҳқонони ҷамоати деҳоти Қашот ва Ҷиргатол ба ҷамъоварии картошка шурӯъ карданд. Дар мавзеъҳои дашти Ҷиргатол ва Янгиёр ҳосилнокии картошка нисбат ба соли гузашта зиёдтар буда, бо мусоид омадани боду ҳаво марҳила ба марҳила ҳосили фаровон рӯёнда мешавад.
Имрӯзҳо барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили картошка ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, техникаҳои кишоварзӣ дар мавзеъҳо вобаста шудаанд.
Инчунин кишоварзони ноҳия ба бозорҳои пойтахт зиёда 130 тонна нок ва ба вилояти Суғд беш аз 100 тонна зардолу содирот намуданд.
Далер САФАР