9-уми сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар паради идона баргузор гардид.
Дар ин чорабинии бошукӯҳи сиёсӣ зиёда аз 50 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун ва намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа ширкат варзиданд.
Бо шарофати сулҳу осоиштагӣ ва раванди сураътзои рушди иқтисодӣ иҷтимоӣ симои шаҳру деҳоти вилоят ҳусни пайдо карда истода, дар давоми се соли охир дар доираи иҷроиши нақша - чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зиёда аз 8 ҳазор иншооти гуногуни хизмтрасонӣ бунёду навсозӣ гардидаанд, ки дар онҳо зиёда аз 100 ҳазор нафар сокинони вилоят бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.
Иштироку фараҳмандии сокинони Хатлон дар ин ҷашни бошукӯҳи таърихӣ нишонаи шукргузории мардум аз соҳибистиқлолии кишвар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддасе чун Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии ҷомеа атрофи сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири давлату давлаторӣ арзёбӣ мегардад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон