Дар ноњияи баландкўњи Шамсиддин Шоњини вилояти Хатлон ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон корњои созандагию бунёдкорї вусъат меёбад.
Ҷињати тањкими инфрасохтори дењот дар дењаи Сангонели Љамоати дењоти Даштиљум аз љониби соњибкорони ватандўст бародарон Гиёевњо Бунгоњи тиббии замонавї сохта ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур аз се њуљраи корї иборат буда, бо дастгоњњо муљањњаз ва дорои иншооти ёрирасон мебошад. Дар масоњати 0,6 садяк замин љойгир аст. Ба сокинони дењањои Сангонелу Њољидара ва Миёнатуку Нимдара хизмат мерасонад, ки дар маљмуъ беш аз ду њазор ањолиро дар бар мегирад. Сокинони ин дењањо аз он хушнуданд, ки баъди бунёди Бунгоњи тиббї мушкилоти чандинсолаашон бартараф мегардад. Зеро онњо то маркази љамоат 12 километр ва то маркази ноњия 65 километр роњро тай карда барои табобат мерафтанд.
Оилаи соњибкорон бародарон Гиёевњо дар партави иќдомњои созандаи Пешвои миллат маќсад доранд, ки то истиќболши љашн боз дар масофаи се километр хати оби нушокиро ба назди бунгоњи тиббї ва мактаби дења оварда, гирду атрофи биноро сабзазору гулпуш намоянд ва дар дигар корњои ободонии ин гўшаи зебоманзари диёр сањми худро гузоранд.
Љомї Зарифзода,
ноњияи Шамсиддин Шоњин.