Бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон намоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш сарбозони шуҷою далери Ватан бо ҳисси баланди миллӣ дар фазои софу беғубори Тоҷикистони азиз гашти низоми анҷом доданд. Дар ҳамоиши тантанавӣ қисмати зиёди мошинаҳои зиреҳпуши ҷанги мучаҳҳаз бо тамоми шароитҳо ба марази тамошо гузошта шуд. Аз чеҳраи ҳар як сарбоз садоқат ба Ватан, ба сарзамини аҷдоди, якдиливу ягонагӣ, дуст доштан ва ҳимояи марзу буми сарзамини ниёгонамон айён буд. Бешак ҳимояи ҳар ваҷаб хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи қарзию ҷонии ҷар як шаҳрванди бонангу номуси ин диёр ба шумор меравад. Дар шароити пуртазоду ҳассоси ҷаҳони муосир ҳар яки моро мебояд бо дарки баланди меҳанпарастӣ ва тавассути хиради волои хеш ҳамеша омодаи ҳимояи ин марзу бум, кишвари азизамон Тоҷикистони тозаистиқлол бошем.
Миллати бо нангу номуси тоҷик ҳеч гоҳ рузҳои душвори солҳои 90-умро ва дар шароити бисёр ҳам ҳассосу мураккаб ба даст овардани Истиқлоли комилро аз хотир намебарорад. Маҳз бузургии ин халқи тамаддунофар буд, ки тавонист тавассути каҳрамонии фарзандони ҷасуру далер ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулху Вахдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мудати начандон зиёди таърихӣ Истиқлоли давлатиро ба даст орад. Бо ба даст овардани соҳибистиклолӣ, Ҷумхурии Тоҷикистон ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид гардид ва дар арсаи байналмиллалӣ шинохта шуд.
Соҳибистиқлолӣ арзиши гаронбаҳои миллат ба шумор меравад ва барои то абад побарҷо гузоштани ин арзиши гаронбаҳо ҳар яки моро мебояд зиракии сиёсии хешро аз даст надода ҳамеша ҷонфидои ин Ватан бошем.
Дар хотими чорабинӣ як қатор фаъолон бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадршиносӣ карда шуданд.
Ҷомӣ Зарифзода
аз шаҳри Кӯлоб.