«ЗАНОНУ БОНУВОН ЯК БОЛИ ҚАВИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁРАМОН МЕБОШАНД»
- Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мақоми занону бонувон дар ҷомеа тақвият пайдо карда, фаъолияти онҳо дар вазифаҳои роҳбарии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бамаротиб вусъат ёфт, - иброз намуданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки имрўз дар Кохи Борбад барпо шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳми бонувону занонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан дар солҳои вазнину ҳассоси оғози соҳибистиқлолӣ, барқарорсозии баъдиҷангӣ ва давраҳои минбаъдаи рушди кишвар ҳамеша қадр менамояд.
- Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз бонуи тоҷик ҳамчун чеҳраи сиёсӣ, вакил, олим, омӯзгору табиб ва муҳандису адиб шинохта шудааст ва сафи бонувони олимону ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор ва хоҷагидору соҳибкор торафт меафзояд,- гуфтанд Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон.
Ҳамчунин зикр шуд, ки имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки бонувону духтарони тоҷик дар он фаъолият надошта бошанд.
Ҳоло 23,3 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ ва беш аз 18 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда занон мебошанд.
Дар соҳаҳои калидии иҷтимоӣ, яъне маориф имрӯз беш аз 73 фоиз, илм 26,5, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68 ва фарҳанг 51 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Сарвари давлат инчунин тазаккур доданд, ки «мо минбаъд низ ташаббусҳои занону бонувонро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва мақоми иҷтимоии занону духтарон, ҳалли масъалаҳои ҳаёти онҳо, аз ҷумла бо роҳи омӯзонидани илму дониш, касбу ҳунар ва муҳайё кардани ҷойҳои корӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.
Зеро бори дигар изҳор медорам, ки зиндагӣ аз зан – модар сарчашма мегирад ва занону бонувони мо як боли қавии давлати соҳибихтиёрамон мебошанд».
АНОЊИТО