7 сентябр ба муносибати таҷлили 30 - юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти 30 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомали Раҳмонро дар майдони Дӯстии пойтахт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифтанд.
Маросими бошукуҳи ҷашнӣ, бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабинӣ оғоз гардид.
Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии қисму воҳидҳои ҳарбӣ, ба гузашти низомӣ гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни бошукуҳи 30 - юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо бо хизмати софдилонаву ватандӯстонаи низомиёни кишвар, яъне фарзандони далеру ҷасур ва ғаюру шуҷои миллат ифтихор мекунем.
Баъд аз анҷоми суханронии Сарвари давлат ва зимни иҷрои Суруди миллӣ дар як вақт аз тупҳо 30 шиллик парронда шуд.
Таҳти навои оркестри ҳарбӣ - нафасӣ ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар ҳайати дастаҳо вориди майдони баргузории чорабинӣ шуда, аз назди минбари ифтихорӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти низомӣ қадам заданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки баргузории паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз дигар парадҳои ҳарбии замони соҳибистиқлолии кишвар ҳам аз ҷиҳати шукуҳу шаҳомат ва ҳам вобаста ба теъдоди ҳайати шахсии иштирокчиёни он ба куллӣ фарқ мекунад.
Дар гузашта зимни баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ шумораи иштирокчиёни парадҳои ҳарбӣ дар майдони марказии пойтахт асосан аз 5 то 15 ҳазор нафарро ташкил медод, ки дар муқоиса ба гузашти низомии 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ теъдоди онҳо танҳо дар шаҳри Душанбе ба 30 ҳазор нафар баробар аст. Илова бар ин дар марказҳои маъмурии тамоми вилоятҳо ва ҳар як шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ низ бо ҷалби қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ парадҳои ҳарбӣ доир шуд, ки маҷмуан шумораи онҳо зиёда аз 162 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Фарзона . В