Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Девдори ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимзоди ноҳияи Балҷувон бинои муассисаи таълимии рақами 35 мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур аз 10 синфхона, се утоқи корӣ ва китобхона иборат буда, синфхонаи компютерӣ бо 15 адад компютерҳои муосиртарин муҷаҳҳаз гардидааст. Фармоишгар шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Фарзин” бо ҷалби 20 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд анҷом ёфтааст.
Дар муассисаи мазкур дар ду баст имкони ба таълим фаро гирифтани 400 нафар хонанда дар шароити созгор фароҳам аст.
Ҷомӣ Зарифзода,
н. Балҷувон